Ё шиква аз муаллифи нақши азал кунам.
Сад ҷома пора мекунам дар қомати адӯ,
З-он пештар, ки ҷомаи худро бадал кунам.
З-он пештар, ки бемаҳал аз даҳр бигзарам,
Дар гӯши даҳр валвалаи бемаҳал кунам.
То як нигори зӯҳраҷабин паҳлӯи ман аст,
Парво кай аз фиребу ниҳеби Зуҳал кунам.
То сафҳаи замона зи номам тиҳӣ шавад,
Як сафҳаи замонаро пур аз ғазал кунам.
[1982]