Ман на онам, ки бувад ҳамқадаҳи бехабарон, – Лоик Шерали

Ман на онам, ки бувад ҳамқадаҳи бехабарон,
Ман на онам, ки бувад ҳамраҳи бепову сарон.
То дилам ҳаст, биорам ба бузургон тоат,
То назар ҳаст, равам аз паи соҳибназарон.
Манам он сабзаи аз хоки шаҳидон руста,
Ки диҳам пайк зи сарсабзии пирӯзгарон.
Дасти ман рост шуда ҷои синонҳои куҳан,
Сарам афрохта аз парчами соҳибзафарон.
Қаламам аз чигаси дасти маибон мондаст,
Суханам сабз шуда аз нами хуни падарон.
1976
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *