Ман ҷаҳони ҷонамро раҳни ин ҷаҳон кардам, – Лоик Шерали

Ман ҷаҳони ҷонамро раҳни ин ҷаҳон кардам,
Ман замини рӯҳамро роҳи раҳравон кардам.
Омадам дар ин дунё, рафтаму надонистам
Ки ҳама вуҷудамро сарфи ину он кардам.
Ишқи бекарони ман дар канори ёре мурд,
Пир шуд агар ишқам, шеърро ҷавон кардам.
Навбаҳори дил ҷустам, ҳамканори дил ҷустам,
То баҳори сабзамро туъмаи хазон кардам.
Пеши рӯи ҳақҷӯён дам задам агар аз ҳақ,
Бори дӯши ҷонамро сад карат гарон кардам.
То дили замон ҷустам, бо замона пайвастам,
Шеъри дарзамонамро ходими замон кардам.
Дар қаламрави қисмат – ҷилвагоҳи неку бад
Саҷда бар замин бурдам, шукри осмон кардам.
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *