Манам шайдои гуфтори Саноӣ, – Лоик Шерали

Манам шайдои гуфтори Саноӣ,
Намоз орам ба атвори Саноӣ.
Кулоҳи чархи гардун печиши нав
Гирифт аз печи дастори Саноӣ.
Агар дидори дунё хуб хоҳӣ,
Бубин ҳар субҳ дидори Саноӣ.
Махон мурда Саноиро, ба ёдаш
Бихон ҳар лаҳза осори Саноӣ.
Ба ёрии ману ту ҳоҷаташ нест,
Худо буду худо ёри Саноӣ.
23.10.1996
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *