Маранҷ аз ҳасади чанд содаю лода, – Лоик Шерали

Маранҷ аз ҳасади чанд содаю лода,
Зи неши сарзаниши тӯдае зинозода.
Бинӯш бода, ки чашми ҳасуд гардад кӯр,
Бимирад аз ғами ночорию зи ғамбода.
Чу косахонаи саршон тиҳист аз фитрат,
Барои хурдану мурдан буванд омода.
Бинӯш бода, ки парвози мастият зебост,
Туро, ки бода накардаст ҳеҷ бебода.
Чи ҷои ранҷиш аз ин чанд мурдахуни дун,
Ки гаҳвораашон з-осмон наафтода.
Бибанд сели ғамонро, кушо сари шиша
Бинӯш бодаву сар деҳ инони сарвода.
Бинӯш бода, ки як-як худо бигирад боз
Ба рӯзи бозпасинат ҳар он чӣ худ дода…
20.01.1995
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *