Ман чу аз гаҳвораи нақшини худ берун шудам, – Лоик Шерали

Ман чу аз гаҳвораи нақшини худ берун шудам,
Дар замин дастогиребон бо ҳама гардун шудам.
Сарфарозӣ ҳар қадар кардам ба сӯи осмон,
Он қадар дар рӯи хоки зиндагӣ вожун шудам.
Ҳар қадар ободӣ бар вайронаҳо омӯхтам,
Он қадар маъмураи дил костам, ворун шудам.
То нарезад хуни одам нораво, андар сухан
Хун фишондам, нола кардам, ғарқа андар хун шудам.
Гарчи худ мазмуни ин ҳастиву ин дунёстам,
Осафо, қурбони сад мазмуни бемазмун шудам.
Хилқати инсон намегунҷад ба қонуне, дареғ,
Сохтам қонун басо, то куштаи қонун шудам.
Дар замини зинда баҳри зиндаҳо ҷон сӯхтам,
Оқибат андар замини мурдае мадфун шудам.
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *