Маро дунё нахоҳад кушт, то дунёи дил дорам, – Лоик Шерали

Маро дунё нахоҳад кушт, то дунёи дил дорам,
Маро дарё нахоҳад бурд, то дарёи дил дорам.
Зи баднафсию пурхорӣ басо савдогарон мурданд,
Зи ҳар савдо намемирам, ки ман савдои дил дорам.
Ба рӯи хок ҳам бошам, ба зери хок ҳам бошам.
Ниҳон ҳаргиз намегардам, ки ман пайдои дил дорам.
Васият менависад ин, шикоят менависад он,
Ман аз ин ҳарду озодам, хати иншои дил дорам.
Агар маъвои ман кӯчад зи рӯи хок зери хок,
Ба қасди марг дар ҳар синае маъвои дил дорам.
Дар ин дунё, ки як даъвои дил сад садди рад дорад,
Ман аз номи ҳама соҳибдилон даъвои дил дорам.
Ҳама буҳтоннависонро кунам огоҳ пеш аз марг:
Шумо имрӯз мемиред, ман фардои дил дорам…
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *