Медавам дар кӯчаҳои зиндагӣ, – Лоик Шерали

Медавам дар кӯчаҳои зиндагӣ,
Рӯзу шабҳо аз қафои зиндагӣ
Ҳар чӣ меёбам ба сад ранҷу алам,
Мефишонам пеши пои зиндагӣ.
Мехурам ғамҳои қисматкардааш,
Мекашам дарду балои зиндагӣ.
Офтобам, лек чашмам сӯи хок,
То бияфзояд сафои зиндагӣ.
Осмонам, лек ҳамранги замин,
Баҳри фардои бақои зиндагӣ.
То намирад зиндагӣ рӯзе чу ман,
Як замон мирам барои зиндагӣ!
[1979]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *