Раста аз гӯре, дигарбора ба гӯр афтодаем.
Рӯи хотирбиниву меҳмоннавозимон чӣ дод?
Дода бас нону намак, бо бахти шӯр афтодаем.
Кӯрботин шамъи роҳу кӯрдил машъал ба даст,
Ё ба рӯи ин замин мо ҷумла кӯр афтодаем.
Пешвомон буд азбас пешипоуфтодае,
Мо ҳам андар чола бефахру ғурур афтодаем.
Мурдаҳомон зери қабру зиндаҳомон зери ҷабр,
Ё магар ҳампаҳлуи аҳли қубур афтодаем?
Осмоно, хориям меояд, эй дод, аз чӣ рӯ
Нотавону ноҷавону ноҷасур афтодаем???
27.11.1993