Ношукрии ишқ аст ҳамин пир шуданҳо, – Лоик Шерали

Ношукрии ишқ аст ҳамин пир шуданҳо,
Дил додаву дил бурдаву дилгир шуданҳо.
Ҷон додаву ҷон канда ба ҷонон нарасидан,
Аз ҷони худу ҷони ҷаҳон сер шуданҳо.
То қуллаи мақсуд тапишҳои тавонкоҳ,
Охир ба сад афсӯс сарозер шуданҳо.
Худ тири заминем, вале ҳеҷ надонем,
Бо қадди камон худ чӣ бувад тир шуданҳо?
Масруфи хазон аст гулафшони баҳорон,
Бидруди ҷаҳон аст ҷаҳонгир шуданҳо.
Аз мирии мо мардум агар гушна бимиранд,
Он беҳ ки бимирем аз ин мир шуданҳо.
15.04.1992 – Бемористон
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *