Бигзарам аз ғами ҷон, то бирасам бар ғами дил.
Ғайри бедардӣ ҳама дарди ҷаҳон дар дили ман,
Ин бувад нақди ман аз маҷмаи бешу ками дил.
Ман ҳам аз ҷумлаи кайҳонгузаронам, лекин
Роҳ ҷӯям ба фалак аз раҳи печухами дил.
Зиндагонӣ зи азал гардиши мавзун дорад
Аз тапишҳои таболудаи пайдарҳами дил.
Дил агар мурд, чӣ суд аз шарафи ақли бузург?
Нарасад кош дилеро хабари мотами дил!
Эй хуш он рӯз, ки чун парчами ақл андар Моҳ
Зи сари боми фалак ҷилва кунад парчами дил!
[1979]