Онҳо ки ташнаанд, бари об мераванд, – Лоик Шерали

Онҳо ки ташнаанд, бари об мераванд,
Дилташнагон ба соҳили Варзоб мераванд.
Як зумра аз барои таносоиву тараб,
Як зумра аз барои табутоб мераванд.
Чанде барои ҷустани гумкардаҳои хеш,
Чанде барои нашъаи ноёб мераванд.
Бархе ба ёди манзари шабҳои моҳтоб,
Бархе ба ёди чеҳраи маҳтоб мераванд.
Баъзе ба хоб мераванд андар канори рӯд,
Баъзе канори дилбари бехоб мераванд.
Лабташнагон ба қатраи обе хушанд, лек
Дилташнагони ишқ ба Варзоб мераванд…
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *