Ором нахоҳад шуд душманкадаи дунё, – Лоик Шерали

Ором нахоҳад шуд душманкадаи дунё,
Аз хеш наёсояд кулфатздаи дунё.
Сад ҷон бифишонӣ ҳам, қадри ту намедонад
Ин колбади хушки нафриншудаи дунё.
Дидему бисанҷидем то бозпасин ҳинҷор
Ҳар дилшуди дунё шуд дилзадаи дунё.
Гар шод зи худ бошӣ, обод зи худ бошӣ,
Як лаҳзаи ту гирад ҷои садаи дунё.
Гар сад рада болоӣ, радди ҳамагон гардӣ,
Дар гӯр шавӣ яксон андар радаи дунё.
Пешомадагон яксар дар чоҳи ғамон хуфтанд,
З-инон чӣ биёмӯзад баъдомадаи дунё?..
Дар гӯри бузургон ман бас шамъ фурӯзондам,
Рӯзе ки бимирам ман, гӯри дадаи дунё…
27.02.91 – 30.01.93
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *