То зи хоки тар самар бардоштем.
Қасди мо фатҳи маҳу анҷум набуд,
Одамиро то қамар бардоштем.
Аз замин – парвозгоҳи орзу
То фалак қадри ҳунар бардоштем.
Баҳри ҳар парвозу ҳар эъҷози аср
Нусха аз хуни ҷигар бардоштем.
Аз муҳаббат, аз садоқат бар Ватан
Тӯшаи роҳи сафар бардоштем.
Парчами озодию озодагӣ
Баҳри абнои башар бардоштем.
То бувад фардои олам бехатар
Рӯзу шаб бонги хатар бардоштем.
[1986]