Бо дуруштиҳот чун созам ба ин табъи нафиса?
Ҳар касеро баҳри коре офаридӣ, хуб кардӣ,
Чашми ин бар чашми коса, чашми он бар чашми киса.
Фикри ҳар касро ба қадри ҳиммати ӯ офаридӣ,
Ин занак – лолою ғоза, он занак ёди набеса.
Як нависанда наёбӣ фахри миллат, лек ҳар ҷо
Ҷои як рӯмоннавис ёбӣ дусад буҳтоннависа.
Медавонӣ чор сӯ ҳар махлуқеро чорнаъла:
Баччагон аз баҳри лизак, гӯсфанд аз баҳри леса.
Меравад ҳар кас ба раҳ бо мошини худ, лек ҳардам
Бӯй гирад аз даҳонаш раҳ ба раҳ чандин милиса.
[1988]