Пеши ту дарду оҳро монам, – Лоик Шерали

Пеши ту дарду оҳро монам,
Бандаи додхоҳро монам.
Рӯ ба рӯ бо нигоҳи сафшиканат
Кишвари бесипоҳро монам.
Гарчи пуштупаноҳи ман ишқ аст,
Яккаи бепаноҳро монам.
Гарчи аз ишқ бегуноҳе нест,
Кӯдаки бегуноҳро монам.
Бо умеди дубора нашъунамо
Сабзаи тирамоҳро монам…
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *