Сабукборему бори оламе бар дӯш мегардем, – Лоик Шерали

Сабукборему бори оламе бар дӯш мегардем,
Дар оғӯши ҷаҳон дар ҳасрати оғӯш мегардем.
Агар исён кунем, офоқ метаркад ба рӯи мо,
Даруни сина тӯфонҳову худ хомӯш мегардем.
Надониста басе рашки сару сомони мо доранд,
Даруни дил хазонрезасту худ гулпӯш мегардем.
Гаҳе беҳушу гоҳе бесарупо будаем, аммо
Зи сар то нохуни по чашму гӯшу ҳуш мегардем.
Ба чашми оқилон – оқил, ба чашми ҷоҳилон –ҷоҳил,
Ба чашми хеш ҳамчун чашмаи пурҷӯш мегардем.
[1979]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *