Сафои рӯҳ дорад рӯи гулҳои шафақтобаш, – Лоик Шерали

Сафои рӯҳ дорад рӯи гулҳои шафақтобаш,
Нидои кӯҳ дорад нолаи дарёи Варзобаш.
Барои ошиқон месӯзаду дил зинда медорад
Чароғони фурӯзонаш ва ё чашмони бехобаш.
Ҷавониҳои халқи ман дар ин шаҳр асту мебинам
Зи гулгашту хиёбону чанористони шодобаш.
Пушаймонхурдае бошӣ ва ё дилмурдае бошӣ,
Зи ғам хурдан биосоӣ агар хурдӣ маи нобаш.
Душанбе шаҳри беҳамтост, зеро гоҳвори мост,
Ки қадри ишқ медонанд дилҷӯёни ноёбаш.
Душанбе – шаҳри ободон, Душанбе – шаҳри озодон.
Ба рағми пирӣ мешӯрад ҷавонию табу тобаш.
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *