Дар ғами гулшан май андар шуълаи гулхан занем.
Осмон паст омада, гӯӣ ки бар сар мезанад,
Соғаре бемансабу бебаҳси мову ман занем.
Баргҳо чун қадри одам зери по афтодаанд,
Қадри ҳам ҷӯему сар дар кӯчаю барзан занем.
Офтоби тирамаҳ чун чашми пирон хира аст,
Хирагӣ то чанд? Боре бодаи равшан занем.
Оташи ишқе, ки мо афрӯхтем, обаш заданд,
Оби оташ деҳ, бар ин оташ зи нав доман занем.
Мо, ки суғдизодаем, оташпарастӣ кеши мост,
Хез, то аз оташи дил шуъла дар хирман занем!
[1982]