То куҷо аз ту гурезам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил.
То кай, эй шӯридатолеъ, то туро шодоб бинам,
Оби рӯи худ бирезам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил.
То фалак афрохтиву бар замин андохтиям,
Эй ҳақирам, эй азизам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил.
Будӣ андар зиндагӣ ҳам буд, ҳам нобуди ман, ту
Ҳам хазина, ҳам пашизам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил.
То ту осоӣ даме, бо хубу зишти зиндагонӣ,
Гаҳ саломат, гаҳ маризам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил.
Бар сарам он қадр бори нанг овардӣ, ки ҳаргиз
Дар қиёмат барнахезам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил!…
[1982]