То ғами талхе нахурдӣ, аз ғами ширин магӯ, – Лоик Шерали

То ғами талхе нахурдӣ, аз ғами ширин магӯ,
То ғами фардо нахурдӣ, аз ғами дерин магӯ.
Гар туро завқи тапиш дар сина гардидаст кӯр,
Аз сукути бихрадону тоқату тамкин магӯ.
Гоҳ қадҳи ин бигӯӣ, гоҳ мадҳи дигаре,
Эй ки на онӣ, на ин, бисёр ону ин магӯ.
Лӯбиёясту қаду мастию ҳушёрии ту,
Завқи мастӣ гар надорӣ, аз маи рангин магӯ.
Хамбаи буғзасту кина дил даруни синаат,
Бехабар з-одамгарӣ ҳарфе аз ин оин магӯ.
Худ чу урёнӣ, ба чашми ақл бар худ дарнигар,
Ҷомаҳои дигаронро ҷандаи чиркин магӯ…
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *