То даме сар доштем, эй дӯст, ҳамсар доштем.
То даме, ки шохи мо нашкаста буд аз санги вақт,
Чун дарахтон ҳам гулу ҳам баргу ҳам бар доштем.
То даме, ки дасти мо гирову дил беҷирм буд,
Дил ба рӯи оташу дар даст соғар доштем.
Эй дареғи солҳо чун болҳои рехта,
Ҳайфи он умре, ки мо бар умр бовар доштем.
Эй дареғи навҷавониву ғурури худсарӣ,
Гӯӣё манзумаи хуршед дар сар доштем.
Эй дареғи кӯдакии лоуболу бевубол
Дар бисоти сабзаҳо беғам паропар доштем.
Эй дареғи вассаю болори айвони падар,
Зери болиш ноз бар кайвони ахзар доштем.
Чор бурҷи сандалӣ чун чор бурҷи зиндагӣ,
Кулбаи тангеву дар он шӯри маҳшар доштем.
Дар кӯҳистон зиндагӣ пур рангу бӯе гар надошт,
Хона пур аз бӯи модар, бӯи хоҳар доштем.
Баччагиро бурд боди хушнасиме ё чунон
Бодбодакҳо, ки бар боли кабутар доштем.
Бар саре, ки ин замон дасти надомат мезанем,
Ёд бодо, як замоне дасти модар доштем.
май 1997