Дар олами пур аз алам доғи алам надошт.
То ту набудӣ ҳамқалами шеърҳои ман,
Ин дафтари тиҳии ман нақши қалам надошт.
То ту набудӣ ҳамқадам дар кӯрароҳи дил,
Умрам зи остонае ҳаққи қадам надошт.
То ту набудӣ чашмаи уммедҳои ишқ,
Саҳрои бошу буди ман як қатра нам надошт.
То ишқи ту набуд ситезону беамон,
Ақлу дилам риояти ҳукми ҳакам надошт.
Аммо, дареғ, рафтиву нашнохтӣ маро,
Тақдир ин қадар ба ман бахши ситам надошт.
[1986]