Дар дили сад дашту саҳро дасту сарҳо мондаӣ.
Бемадина, бесафина, бехазина, бенасиб
Кӯ ба кӯю дар ба дар дарвешосо мондаӣ.
Дур аз пистони модар, дур аз оғозгоҳ –
Берун аз маҳди Самарқанду Бухоро мондаӣ.
Сангрӯён сангкӯбон сангҷонат кардаанд,
Дар миёни кӯҳҳо як пора хоро мондаӣ.
Тангчашме вусъати дунёи афкорат надид,
Боз ҳам воломаниш дар ёди дунё мондаӣ.
Ҳай ба хун жӯлидаӣ, то роҳи худ паймудаӣ,
Бо ҳазорон ҳасрато, ҳайфо, дареғо мондаӣ.
Бас буридандат забону бас шикастандат миён,
Боз гӯё, боз пӯё, боз поё мондаӣ.
Сад қалам карданд ҷисми борҳо хуншори ту,
Боз ҳам дар каф қалам аз баҳри иншо мондаӣ.
Мондаӣ гар нимаҷону нимазинда то ба ҳол,
Бо суруди Рӯдакӣ, бо тибби Сино мондаӣ.
Мондаӣ гар покҷону покимон то ҳанӯз
Бо китоби Ҳофизу осори Мавло мондаӣ.
Зинда хоҳӣ буд иншаллоҳ, гарчи аз ситам
Пайкари маслуб монанди Масеҳо мондаӣ.
Ҷамъ кун худро зи сутхонҳои торихи бузург,
То чунин сарзинда бо уммеди фардо мондаӣ.
Миллати садпораи ман, ҳамчу оҳанпораҳо
Ҷӯш хур бо ҳам, ки андар вартае вомондаӣ…
март-декабри 1994