То умеди ишқ аз туст, ошиқи ҷавонам ман, – Лоик Шерали

То умеди ишқ аз туст, ошиқи ҷавонам ман,
То туӣ замини дил, бурҷи осмонам ман.
Бе ҳузури дидорат дар ҷаҳон ҳузурам нест,
То туӣ ҷаҳони ман, ошиқи ҷаҳонам ман.
Дар сиришти ишқи ман заррае дурангӣ нест,
То ту ҳам чунин бошӣ, дон ки ҳамчунонам ман.
То лабат шакар дорад, шеъри ман асар дорад
То туӣ ба коми дил, марди комронам ман.
То тамоми сарсабзим аз баҳори сабзи туст,
Эй нигори сабзина, бо ту бехазонам ман.
Шоири замон будан мушкилест сахт, аммо
Дар ситоиши ҳуснат шоири замонам ман.
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *