Тоҷики гарданкашу лашкаршикан…” – Лоик Шерали

“Тоҷики гарданкашу лашкаршикан…”
Гардани худ бишканад аз макру фан.
Теғзан? Оре, батар аз сад адӯ
Худ бизанад бар ҷигари хештан.
Тирзан? Оре, бизанад бехато
Рост ба чашму ба дили ҳамватан.
Пӯст канад колбади куштаро
То бишавад туъмаи зоғу заған.
Пора кунад ҷумлаи аъзои ӯ
Афканадаш дур, напечад кафан.
Синаи модар бибурад масти банг
Гарчи аз он хурда ба тифлӣ лабан.
Сӯхтани хонаи модар варо
Беҳ бувад аз хонаи нав сохтан.
Куштани ҳаммилату яғмогарӣ –
Ин бувадаш маънии ҳуббулватан.
Шоири дилсӯхта, дигар магӯй
Аз гулу райҳону зи мушки хутан.
Шукр бикун, зиндаӣ алҳолу боз
Ҳаст маҷолат, ки бигӯӣ сухан.
Шукр бикун з-он ки забони синон
Шарҳа накардаст забон дар даҳан.
Шукр бикун, лек бияндеш жарф
Бар худу бар кашмакаши мову ман.
Жарф бияндеш, чӣ асрор ҳаст
Дар сифати тоҷику тоҷик будан…
28.03.1994
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *