Ту дил гум кардию аз кӯчаи дилдор бигзаштӣ, – Лоик Шерали

Ту дил гум кардию аз кӯчаи дилдор бигзаштӣ,
Ту гул гум кардию аз гӯшаи гулзор бигзаштӣ.
Ду чашмонат ба роҳи ёр буд он шаб тамоми шаб,
Ба ёди рӯи субҳу соати дидор бигзаштӣ.
Сухан-ногуфта, дил-накшода, ҷумла-нотамом, афсӯс,
Ба каф аз орзуҳо соғари саршор бигзаштӣ.
Ғазалхону сахитабъу суханпарварду базморо
Зи базми зиндагӣ вирди забон ашъор бигзаштӣ.
Агарчи хоби маргат бурду субҳе чашм накшодӣ,
Ту аз дунёи хоболуди мо бедор бигзаштӣ.
Дилат абрешимӣ буду садоят низ абрешим,
Чи беозор будию чи беозор бигзаштӣ…
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *