Нагунҷам дар ҳама олам, чу гунҷӣ дар канори ман.
Вале афсӯсу вовайло, ки аз васли ту маҳрумам,
Чу тиллои Зарафшон нестӣ дар ихтиёри ман.
Зи дастам барнамеояд, ки дастат гираму гӯям:
Гули оташпарасти ман, зи сар то по шарори ман,
Маро аз сӯхтан боке набошад, лек метарсам
Ки оташбозии ишқат бисӯзад ёдгори ман.
Туӣ оташ, манам оташ, кунад оташ зи оташ гул,
Ки баъди мо гули оташ бирӯяд аз мазори ман…
[1986]