Мудом дилфирефта зи рангу бӯ набудаам.
Чу даштҳои тирамаҳ нагаштаам тиҳӣ зи худ,
Чу санги сард бехабар зи ҷустуҷӯ набудаам.
Ба кӯи ёр рафтаам, ба бӯи ёр рафтаам,
Ба майли ҳар касе равон чу оби ҷӯ набудаам.
Миёни обу гил ҳаме чу зореъи биринҷкор
Бараҳнапой будаам, бараҳнарӯ набудаам.
Зи насяҳо буридаам, ба нақдҳо расидаам
Таронагӯй будаам, фасонагӯ набудаам.
Ман аз канори ин ҷаҳон, ки тард мекунад маро,
Канорҷӯй будаам, канораҷӯ набудаам…
[1986]