Хун гириста, тарки одат мекунам, – Лоик Шерали

Хун гириста, тарки одат мекунам,
Тоқ монда, боз тоқат мекунам.
То кунун дилро фалаҷ кардам зи ишқ,
Баъд аз ин ӯро табобат мекунам.
Баъди садҳо хонаро дар кӯфтан
Хонаи дилро мараммат мекунам.
Дар дили шабҳо дилам таҳ мезанад,
Зери лаб пинҳон васият мекунам.
Пеш аз ман гар шикоят дошт дил,
Ман кунун аз дил шикоят мекунам.
Пеш гар ҳар соат аз худ рафтаам,
Ҳолӣ бар соат итоат мекунам.
Гарчи ин қасдам батар бошад зи марг,
Баъд аз ин тарки муҳаббат мекунам…
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *