Шоирам дар хушксори мулки холӣ.
Кӯдакашро гар кушад дар батни модар,
Чун тавон кард орзуи безаволӣ?
То абусе бар даюсе раҳнамун аст,
Оҳу дод аз маснади соҳибкамолӣ.
Байни ду санг орд гашта миллати мо,
Оҳ аз баҳси ҷанубию шимолӣ!
Ҷумла бефарҳангу бесарҳангу пастем,
Гар нишинӣ рӯи тахте ё ниҳолӣ.
Илми ҳолу илми қоле чун надонад
Мефурӯшад молу ҳолу фаршу қолӣ.
Тоҷике яғмогари тоҷик бошад,
Гургӣ аст ин, рӯбаҳӣ ё ки шағолӣ?
Гарчи омухта ба ӯ қолу мақоле,
Модарашро мекушад бе қилу қоле.
Чораи дардаш биҷӯӣ, менафаҳмад,
Боз созад шикваю бечоранолӣ.
Чораи ҳолаш бигӯӣ, кина гирад
Боз нолад аз ғами бечораҳолӣ.
Суд бошад, медавад пешат дуаспа,
Кор гӯӣ, мегурезад дар хафоле
Тахти олӣ хоҳад он пӯсида тахта,
Бахти олӣ хоҳад ин бо мағзи холӣ.
Бемаҷолияш бувад аз бевиқорӣ
Пурвуболияш бувад аз лоуболӣ.
Ҷамъ меорад ба чандин реву райбе,
Мефитад дар чоҳ бо ҷоҳу ҷалоле.
Оҳ метарсам зи фардои сияҳфол,
Мурғаки паркандаю фархундафолӣ?
Ҳайфи уммеди ҳимоят аз Ҳумое,
Ҳайфи он паррехта мурғи хаёлӣ!
Бо ҳама ин хушктабъӣ, хушкдастӣ
Чун наояд бар сари мо хушксолӣ?
Ё давидан ё паридан чун тавонӣ
Бо ду-се ишкастапо, ишкастаболе?
Дар сиголи миллате чун мо набошад
Байниҳам бадтинатию бадсиголӣ.
Аз чунин миллат, ки як бадбахти ӯӣ,
Лоиқи хунинҷигар, то кай бинолӣ?
2.02.1994 – Бемористон