Ҳам рӯди равон будам, ҳам баҳри дамон будам, – Лоик Шерали

Ҳам рӯди равон будам, ҳам баҳри дамон будам,
Дар рӯи ҷаҳон будам, худ балки ҷаҳон будам.
Аз ахтари чашмонам ҳар гӯша фурӯзон буд,
Ҳам нури замин будам, ҳам нури замон будам.
Бо гардани гардунсо, бо чеҳраи субҳосо
Аз нохуни по то сар маҳзи дилу ҷон будам.
Бо ёри камарбаста монандаи гулдаста
Аз зиндагӣ вораста, рашки ҳамагон будам.
Дар сабзаи кӯҳистон, дар мулки баҳористон
Дастам ба камаргоҳаш мастона давон будам.
Мечидаму мебастам дар кокули ёрам гул
Ғофил зи ғаму доғи умри гузарон будам.
Эй моҳи сияҳпистон, дунёи харобистон,
З-он дардкашонам, ки бо дурдкашон будам.
Имрӯз равонам нест, аз марг амонам нест,
Ку ҳиммати дарди ишқ, к-аз марг амон будам?
Имрӯз замингирам, пайдост, ки мемирам,
Эй чарх, ба ёдат ҳаст вақте ки ҷавон будам?
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *