Ҳар кас, ки дар замони худ фикри замон надошт, – Лоик Шерали

Ҳар кас, ки дар замони худ фикри замон надошт,
Мехост роз гӯяду аммо забон надошт.
Тухме накошт ҳар касе андар замини вақт,
Гар тобиши ситорае дар осмон надошт.
Ҳар кас, ки шахси хешро андар ҷаҳон наёфт,
Гарде зи роҳи умри худ андар ҷаҳон надошт.
Ҳар кас, ки дар баҳори худ нашкуфт ғунчасон,
Аз тирамоҳи хештан бӯи хазон надошт.
Пайдо нагашт бо ҳама зебоӣ пеши ёр,
Ҳар бедиле, ки дар дилаш рози ниҳон надошт.
Бори гарони хотири ёре набуд беш
Ҳар ошиқе ба дӯши дил оҳи гарон надошт.
Дар тангнои қофия дармонду хира мурд
Ҳар шоире, ки ҳиммату табъи равон надошт.
1976
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *