Ҳусни рӯзафзуни ту умри маро кам мекунад, – Лоик Шерали

Ҳусни рӯзафзуни ту умри маро кам мекунад,
Қомати мавзуни ту қадди маро хам мекунад.
Хондӣ бас шеъри тарамрову нахондӣ хотирам,
Ваъдаҳои хушки ту чашми маро нам мекунад.
Ман туро ҳамшевае мехоҳаму ҳамнолае,
Чашми ту аммо ба ман қаҳри дамодам мекунад.
Шод будам то туро дидам, надонистам ки ишқ
Буду нобуди маро сармояи ғам мекунад.
Аз паи васлат давидам чор фасли зиндагӣ,
Васли ту аммо зи ман чун умри ман рам мекунад.
Ишқи Ҳавво кард Одамро азизи оламе,
Ишқи ту рӯзе маро берун зи олам мекунад.
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *