Ҷавонӣ, рангбозии муҳаббатро намедонӣ, – Лоик Шерали

Ҷавонӣ, рангбозии муҳаббатро намедонӣ,
Муҳаббатро агар донӣ, садоқатро намедонӣ.
Ба маҳфилҳои шӯрафзо, ба базми чойгаштакҳо
Ба сурат ошиқиву асли сиратро намедонӣ.
Ба ҳар як қомати беқимате худро диҳӣ аз даст,
Ту қомат дидаӣ, шӯри қиёматро намедонӣ.
Ба гулгаште чу ҳар шамшодқад бинӣ, равӣ аз худ,
Ту қад дидӣ, валекин қадру қиматро намедонӣ.
Сари роҳат бигирад, дар миёни роҳ бигзорад,
Ишорат дидаву самти ишоратро намедонӣ.
Қасамҳо мехурад ҳар нобалад бо чашму мижгонат,
Ту қисмат мекуниву доғи қисматро намедонӣ.
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *