Чанд оне аз насиби ин ҷаҳонам мондааст – Лоик Шерали

Чанд оне аз насиби ин ҷаҳонам мондааст
Як нигоҳи вопасин бар осмонам мондааст.
Бар камони қадди худ мебинаму хун мехурам,
Тирҳо рафтанд, дуде аз камонам мондааст.
Сад ҷаҳонро тай задам ҳам бо қалам, ҳам бо қадам,
Як қадам аз хонадон то хокдонам мондааст.
Ҳосил аз нозукдиливу шишаҷониҳои ман –
Айнаки бишкаста андар дидагонам мондааст.
Бори тан сангинтар аз бори ҷаҳон бар дӯши ман,
Ин қадар аз зиндагӣ бори гаронам мондааст.
Ҷамъ созам ҳар саҳар чун устухонҳои танам,
Устухоне нест, дарди устухонам мондааст.
Аз равонам кай таровад баъд аз ин шеъри равон?
Сакта дар дил, сакта дар пои равонам мондааст.
Даствора мекашад пои маро сӯи лаҳад,
Ҳаббазо, якто аниси меҳрубонам мондааст.
Ҷони нолон, оҳи сӯзон, чашми ҳайрон – ин ҳама
Ёдгор аз орзуҳои ҷавонам мондааст.
Меравам бедаступо ҳар лаҳза сӯи ломакон,
Чанд оҳи охирин андар маконам мондааст…
25.12.1995
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *