Чанд рӯзе бо хумори бӯсаҳоят зиндаам, – Лоик Шерали

Чанд рӯзе бо хумори бӯсаҳоят зиндаам,
Санги сардам, бо шарори бӯсаҳоят зиндаам.
Аз куҷо донам шумори рӯзҳои мондаро,
То ба нақди бешумори бӯсаҳоят зиндаам.
Аз кафи барги хазони тирамаҳ уммед нест,
Ман ба уммеди баҳори бӯсаҳоят зиндаам.
Ҷоннисори бӯсаҳои ҷонфазоят будаам,
Боз ҳам баҳри нисори бӯсаҳоят зиндаам.
То лабони оташин дорӣ, саропо оташам,
Ман барои шуълазори бӯсаҳоят зиндаам.
Ман намемирам, агар сад марг ояд бар сарам
То чу ёри комгори бӯсаҳоят зиндаам.
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *