Шому саҳар ба сад фиғон фарёд мекашам, – Лоик Шерали

Шому саҳар ба сад фиғон фарёд мекашам,
Аз мағз-мағзи устухон фарёд мекашам.
Байни замину осмон тоҷик хор шуд,
З-ин остон ба осмон фарёд мекашам.
Бар нутфае, ки мурд ба заҳдони модарон
То чор сӯи бекарон фарёд мекашам.
Бедод рафт ин ҳама бар ҷони тоҷикон,
Бар сарнавишти тоҷикон фарёд мекашам.
Бар сабзае, ки медамад дар пуштаҳои гӯр
Аз хатти сабзи навхатон фарёд мекашам.
Бар синаҳои чок-чок аз тиру теғҳо,
Бар қатли тифли безабон фарёд мекашам.
Бар пуштаҳо, ки ёдгор аз ҳафт пушти мост,
Ғарқоби хуни куштагон, фарёд мекашам.
Сархам шуданд қуллаҳо аз нанги ҷанги мо,
Аз кӯҳ то ба каҳкашон фарёд мекашам.
Ҳар гӯр пушта нест, ки омоси дардҳост,
Бар мурдаҳои ормон фарёд мекашам.
Имрӯз рӯи хокаму фардо ба зери хок,
Аз лобалои хокдон фарёд мекашам.
Баҳри нишони тоҷикон мурданд бенишон,
Бар хуфтагони бенишон фарёд мекашам.
Бар тоҷики ғариб-ғариби диёри хеш –
Соҳибмакони бемакон фарёд мекашам.
Бар тоҷики наҷиб, ба фарзоди Зардуҳишт –
Бар миллати фасурдаҷон фарёд мекашам.
Бар миллати шикаставу ҳаргиз нарехта,
Як рӯз не, ки ҷовидон фарёд мекашам.
11.02.1993
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *