Шаби маҳтобу дарё масту ман ҳам масти саршорам, – Лоик Шерали

Шаби маҳтобу дарё масту ман ҳам масти саршорам,
Намедонам чӣ мехоҳам, намедонам чӣ ғам дорам.
Сарам мечархад аз мастӣ, дилам меларзад аз сустӣ,
Гаҳе аз хеш безорам, гаҳе чун чарх пуркорам.
Ба дарё роз мегӯям, ба сад овоз мегӯям,
Наменолад зи аҳволам, намеболад зи ашъорам.
Дарахтеро ба оғӯш мекашам чун ёри дерина,
Намегунҷад дар оғӯшам чу он ёри гунаҳкорам.
Ба пои кӯҳ меафтам чу як фарзанди сарсахташ,
Ки худ як санги соҳибдил ва ё як пора куҳсорам.
Чӣ аз тахти баланде суд, гар бахти баланде нест,
Гаронборам зи бори дил, ки аз ҷоме сабукборам.
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *