Шукри оғӯшат, ки оғӯши ҷаҳони дигар аст, – Лоик Шерали

Шукри оғӯшат, ки оғӯши ҷаҳони дигар аст,
Шукри чашмонат, ки мурғи ошёни дигар аст.
Ҳалқа гардад зери гардун ҳар гаҳе бар гарданам,
Шукри дастонат, ки рамзи достони дигар аст.
Сахт гирад соате чун рӯзгори сахтрӯй,
Шукри лабхандат, ки бо ман ҳамзабони дигар аст.
Осмон хатти аҷал ирсол медорад маро,
Шукри хатти абруят, хатти амони дигар аст.
Рашки ту гарчи маро бо бегуноҳӣ мекушад,
Шукри нозат, ки маро эҳёи ҷони дигар аст.
Шукри меҳрат, ки маро бахшад зи бемеҳрон амон,
Шукри ишқат, ки маро ному нишони дигар аст.
Шукри хоки остонат, ки барои шоире
Ҳам замини дигару ҳам осмони дигар аст!
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *