Худро ҳалол дониву моро ҳаромтар.
Гар хурдӣ шири пухта зи пистони модарат,
Дар чашми пухтаат агар моем хомтар.
Боре бидон, ки бо ҳама ҳомию содагӣ,
Бо бемақомӣ аз туям воломақомтар.
Мизони покӣ гар бувад, бармекашад дақиқ:
Ҳам покрӯям аз туву ҳам покномтар.
Ман ҳар чи кардаам, ҳама ангора аст, лек,
Бо нотамомӣ аз туям сад раҳ тамомтар.
Назми замону назми замин дар дили ман аст,
Бо бенизомӣ аз туям ман бонизомтар.
Умри ту бедавом ба монанди хушкрӯд,
Чун оби Панҷрӯд манам бодавомтар…
[1986]