Эй уқоби парканда, миллати пароканда, – Лоик Шерали

Эй уқоби парканда, миллати пароканда,
Пеши ду ҷаҳон гаштӣ шармсору шарманда.
Кӯчаҳои пургулро кардаӣ ҳама пурхун,
Чеҳраҳои гулгунро кардаӣ ғамоганда.
Кӯҳат осмонбӯсу рӯҳат остонхурда,
Фаррат осмониву ҷомаат яхаканда…
Мулкат офтобиву ҳосилат ҳама хомист,
Ку дили гудозанда, қудрати барозанда?
Дар рухат намебинам нури безаволиро,
Ку лабони пурханда, чеҳраҳои фархунда?
Дар замин замонат ку? Дар замон заминат ку?
Ку замони бахшанда? Ку замини зоянда?
Аз ту бад надидам ман, лек ноумедам ман,
Равзане кушо боре бар умеди оянда!
Тори худ гусастӣ, оҳ, пуди худ набастӣ, оҳ,
Зери санг бинҳодӣ панҷаҳои бофанда…
Беқарории ноҷот бебарорӣ бор овард,
Дар мағал шудӣ озод, дар амал шудӣ банда…
Пеши рӯи истиқлол ҳимматат бувад мисқол,
Нури офтобат нест дар ҷабини оянда.
Дар баробари торих кардаӣ басе таъхир,
Ку далели фардоят? Ку гиреҳкушоянда?
12.10.1992
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *