Ҷоми май хурдиву сад ҷоми зарам бишкастӣ.
Нӯки минқори ману лонаат аз чӯбу хасе,
Чӯҷаи ман будиву шоҳпарам бишкастӣ.
Ту ниҳолак будӣ, эмин зи ҳалокат кардам,
Ту дарахтони пур аз бору барам бишкастӣ.
Манат, эй кӯдакӣ навпой, раҳ омӯхтаам,
Лек ту шаҳпули роҳи гузарам бишкастӣ.
Пуштбони ту будам, пушт ба ман гардондӣ,
Хурда нони дари ман, бому дарам бишкастӣ.
Карамат кардаму ту соҳиби икром шудӣ,
Зода худ аз камари ман камарам бишкастӣ.
Манам он халқ, ки аз номи ман одам шудаӣ,
Гунаҳам чист, ки имону фарам бишкастӣ.
Ҳамчу фарзанди ман о пеши ману зону зан,
То нагӯям дигарат, к-он қадарам бишкастӣ…
17.12.1996