Эй ҷони меҳмон дар бадан, меҳмоният хуш бигзарад, – Лоик Шерали

Эй ҷони меҳмон дар бадан, меҳмоният хуш бигзарад,
Эй хуни қурбони сухан, қурбоният хуш бигзарад.
Эй ақл, бо доноият аз мӯр ҳам нодонтарӣ,
Дар баҳсҳои мову ман нодоният хуш бигзарад.
Ин дар задӣ, он дар задӣ, дар шаш ҷиҳат пур сар задӣ,
Эй сар, раиси ҷону тан, сарсоният хуш бигзарад.
Гар белиқое шуд лиқо, гар беливое шуд ливо,
Эй шоҳи берун аз Ватан, султоният хуш бигзарад.
Эй одам, эй нури замон, шодӣ надидӣ дар ҷаҳон,
Дар интизори як кафан пажмоният хуш бигзарад.
Ҳай рангбозӣ мекунад, найрангсозӣ мекунад,
Бар чархи атласпираҳан ҳайроният хуш бигзарад.
Гар ормонат гул накард, озурдаӣ, пажмурдаӣ,
Дар ин замини макру фан деҳқоният хуш бигзарад.
То як нафас осудаӣ, ҷон судаӣ, тан судаӣ,
Бо ҷумла андӯҳу миҳан шодоният хуш бигзарад.
Ҳар қадр афзун хостӣ, он қадр худро костӣ,
Эй худфиреб, эй худшикан, вайроният хуш бигзарад.
10.10.1994
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *