Як замон андар дили ман ишқи ту шӯрида буд, – Лоик Шерали

Як замон андар дили ман ишқи ту шӯрида буд,
Гӯӣ кӯҳи пайкарам аз зилзила ларзида буд.
Он қадар будам гирифтори ҷамоли равшанат
К-аз хурӯҷи ишқи ту чашми дилам тарсида буд.
Дар фазои хотири ту шеъри ман парвоз дошт,
Дар фазои умри ман овози ту печида буд.
Ранги ишқам гар кунун коҳид, худ айбам магир,
Дар ҷаҳони ошиқӣ ранги ҷаҳон коҳида буд.
Лек Лоиқ бо ҳама нопойдориҳои ишқ
Як тасалло дошт, к-аз чашмони ту бӯсида буд.
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *