Як зумра, ки сӯзи ҷонашон нест, – Лоик Шерали

Як зумра, ки сӯзи ҷонашон нест,
Ҷуз мақсади обу нонашон нест.
Бас хушкдимоғу хушкмағзанд,
Ҳарфи таре дар забонашон нест.
Гованд ҳама ба хурдан, аммо
Як говҷигар миёнашон нест.
Бо он ки дар ин ҷаҳон ғаниянд,
Як зарра ғами ҷаҳонашон нест.
Доранд ҳама мақому диплом,
Ҳайфо, хиради замонашон нест.
Чун беди канори рӯд шодоб,
Суди самару нишонашон нест.
Бошанд зиён зи пой то сар,
Аммо ба назар зиёнашон нест.
Ин тоифа ошёнбаланданд,
Ҳарчанд ки ошёнашон нест…
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *