Суғдиён ҳар гаҳ ба кӯи дӯст меҳмон мешуданд, – Лоик Шерали

Суғдиён ҳар гаҳ ба кӯи дӯст меҳмон мешуданд,
Дастовезе барои дӯст оташ доштанд.

Яъне чун оташ фурӯзон буд дар дил меҳрашон,
Яъне имону дили бедоғу беғаш доштанд.

То қадам монанд андар остони дӯстон
Даври оташ чарх мегаштанд бо рақсу суруд.
То гуноҳи хешро сӯзанд дар оташ нахуст
Пас ба кӯи дӯст по монанд бо арзи суҷуд.

Чун маро аз хоки поки суғдиён обу гил аст,
Оташи меҳрам ба дил манзил ба манзил меравам.
Хоҳ кӯи ишқ бошад, хоҳ кӯи дӯстон –
Ҳар куҷое меравам, бо оташи дил меравам…

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *