Шуморо ҳам чу осӣ зинда гӯронданд,
Шуморо чун Бруно зинда сӯзонданд.
Шуморо ҳам хафа карданд, афшурданд, озурданд,
Шуморо ҳам ба зери дорҳо бурданд.
Шуморо ҳам чу як қонуншикан куштанд.
Шуморо ҳам чу балвогар, чу яғмогар,
Чу исёнгар, чу вайронгар
Басо бераҳм парронданд.
Шумо дар чоҳҳо,
Дар ғорҳо,
Дар гӯрҳои куҳна мадфунед.
Шумо ҳам ғарқи дарёҳо,
Шумо ҳам ғарқаи хунед.
Шумо дар хоку хун ғалтон,
Шуморо сӯхт Искандар,
Қутайба кард хокистар,
Шуморо кушт Чингизхон.
Шуморо котибон, то дасташон аз ғул раҳо бошад,
Ба дасти хештан куштанд.
Шуморо соҳибон, то зиндагишон бебало бошад,
Ба дасти хештан куштанд.
Шуморо ҳамчу хиште
Аз тани девори қасру маъбади фарҳанг
Зи тоқи ошёни илму дониш ҷоҳилон канданд.
Ба дунёи фаромӯшӣ шуморо дур афканданд.
Валекин модари он шоирони ғайбдон зиндаст,
Валекин модари он бихрадони ҷовидон зиндаст.
Ки то дунё бувад, обастани имрӯзу ояндаст.
Валекин чашмаҳои фикрату фитрат
Зи пистони сафеди модари тоҷик нахушкидаст.
Валекин халқ бо афкори нуронӣ
Ба зери осмон
Бо гардиши чархи замон зиндаст.
Кунун донишписандоне чу гумҷӯён
Шуморо аз ҳама кунҷу канори даҳр меҷӯянд.
Кунун саррофҳо – гавҳаршиносони сухан ҳар дам
Шуморо аз хазону аз баҳори даҳр меҷӯянд.
Дареғо!
Шумо чун соҳибони хеш
Ҳама будед яктое…
Ҳама будед танҳое…
Шумо ҳам аскаре будед, бас размоварӣ кардед.
Шумо ҳам сафдаре будед, алҳақ сафдарӣ кардед.
Шумо бо ақлҳои тира ҷангидед,
Шумо бо мағзҳои хира ҷангидед
Шумо бо зуъми кӯрони замони хеш,
Шумо бо буғзу ноинсофии хонандагони хеш
Чи ҷанги беамон кардед,
К-охир қаҳрамон мурдед.
Кунун ман аз замону
Аз ҳақиқат як талаб дорам,
Ки аз баҳри шумо ҳам ҳайкале созанд
Ба сони ҳайкале бар ёдгори аскари гумном,
Ва тарҳи ӯ чунин бошад:
Китоби даргирифта дар сари дасте,
Зи ҳар сафҳа шароре барҷаҳад ҷовид
Шароре барҷаҳад то хонаи хуршед…
Шумо ҳам баски машъал будаед андар замони хеш,
Ки бо нури шумо меҷуст инсоне ҷаҳони хеш…
[1974]