ВОПАСИН НАФАСИ ХАЙЁМ – Лоик Шерали

ВОПАСИН НАФАСИ ХАЙЁМ

Илоҷи дард ҷустан дар ҳама ҳол
Зи тибби Бӯалӣ кори наҷиб аст,
Вале баҳри ҳакиме мисли Хайём
“Шифо”-ро хонда ҷон додан аҷиб аст.

Намеҷуст аз “Шифо” Хайём сеҳре,
Ки сад соли дигар умраш физояд,
Фақат мехост андар вопасин дам
“Шифо”-ро чун дари дунё кушояд.

Фақат мехост бо чашмони Сино
Назар созад ба чашми марг боре.
Фақат мехост андар бистари марг
Варо Сино кунад бемордорӣ.

“Шифо”-ро боз карду чашм пӯшид,
Тамоми дардҳояш бедаво монд.
Миёни сафҳаҳои тибби Сино
Нигоҳи мурдаи дардошно монд.

Ва инак мекушоям ман “Шифо”-ро,
Дилам пур захми носур асту носур.
Ба ҳар захме, ки андар сина дорам,
Ҳама офоқ маъзур асту маъзур.

Ба кулли дардҳои ҷовидона
Ба ҳар дарде, ки бошад ҷурми айём,
Шифобахшӣ гар аз дастам наояд,
“Шифо”-ро хонда мемирам чу Хайём…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *