Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх – Лоик Шерали

Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш.
Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он чӣ ҳасту нест,
Шукр гӯям бахтро бо омаду ноомадаш.

Шукр гӯям ҳар дарахтеро, ки бошад дубара,
Шукр гӯям ҳар ниҳолеро, ки навгонӣ диҳад.
Шукр гӯям ҳар сабоҳеро, ки хуршед аз уфуқ
Пайки рӯзи нав зи бахши умри инсонӣ диҳад.

Шукр гӯям ҳар нафасро ҳамчу нақди зиндагӣ,
Ки бувад пайваста бо халқу Ватан чун ҷону тан.
Ин Ватан бе ман тавонад буд ҷовидон, вале
Ман натонам як нафас ҳам зинда бошам беватан.

Шукр гӯям хилқати худро, ки тӯфонзода аст,
Ҳеҷ напсандад ҳуҷуми нокасу ночизҳо.
Шиквае аз кас? Фақат аз хештан дорам гила
То намонад шеъри ман чун лошаи полезҳо.

Шукр гӯям обу нонеро, ки аз ранҷи ман аст,
Гарчи дастам ҷӯ наканду дона дар хоке накошт.
Шарм медорам ба ҷои он ҳама бемоягон,
Ки ба як мисқоли худ хирворҳо хоҳанд дошт.

Шукр гӯям толеамро, ки насибам сохтаст
Ҳамзамонии ҳама эъҷозҳо, парвозҳо.
Чун Гагарин гар набошам аввалин кайҳонкушо,
Кардаам парвозҳое дар ҷаҳони розҳо.

Шукр гӯям ҳастиро, к-аз шавқ меҷӯшад дилам,
Гар наҷӯшад дил, бисоти умр рангин аз куҷост?
Шукр гӯям ҳар тапишро, ки нидои зиндагист,
Гар набошам, ин ҳама эҳсоси ширин аз куҷост!?

[1975]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *